ВКД хабар медиҳад…

Июнь 23, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо ва ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва кам рух додани ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

 

Одамкушӣ ба воситаи заҳролудкунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 37-солаи деҳаи Турдишоҳи ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, аз рӯзҳои аввали оиладоршавӣ бо шавҳараш марди 43-солаи сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ ва наздикони шавҳараш хусумат пайдо кардааст.

Номбурда 29 июни соли 2014 нисфирӯзӣ барои аҳли оилаашон, ки дар саҳро машғули кор будаанд, қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст, ки баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 39-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 4-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини пойтахт, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардидаанд. Дар натиҷа бародари шавҳараш марди 39-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, 7 сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардида,  духтарчаи 4-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст. Худи ҳамон рӯз гумонбаршуда барои маъракаи дафни 3-рӯзагии тағои шавҳараш 20-адад кулча пухта, ба он доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузур дошта-зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ гардидаанд.

Ғарқшавӣ аз беэҳтиётӣ

22 июни соли 2017, тахминан соати 17:30, ноболиғ, духтарчаи 16-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳамроҳии апааш, зани 33-сола ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи «Кофарниҳон» аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин асос Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ дар ҷӯю ҳавз ва кӯлу дарёҳо боэҳтиёт бошанд ва ноболиғонро беназорат нагузоранд.

  Марги писарбачаи 2-сола бар асари беназоратӣ

22 июни соли равон, тахминан соати 09:30, хурдсол, писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Ховалинг аз беэҳтиётии волидонаш ҳангоми бозӣ карданаш мехчаро ба сурохии ноқилҳои барқӣ «розетка», ки дар замини хона буд, даровардааст, ки дар натиҷа хурдсол аз ҷараёни қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Фоҷиа хангоми истифодаи шамолдиҳаки барқӣ

22 июни соли ҷорӣ, ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини деҳаи Сафарбоёни ноҳияи Темурмалик, хонандаи синфи 6, аз беэҳтиётӣ  ҳангоми хушк кардани муйи сараш ногаҳон сараш дар қанотҳои «шамолдиҳак»-и барқӣ бархӯрдааст.  Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тамаъҷӯии корманд аз корфармои худ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда бо роҳи тамаъҷӯӣ ба номи марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори яке аз коргоҳҳои шаҳри Ваҳдат, ки худ дар он ҷо посбон шуда кор мекард, бе нишон додани ягон маълумот дар бораи худ мактуб навишта, аз охирин ба миқдори 130 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст. Дар мактуб дарҷ намудааст, ки ҳангоми то санаи 4-уми июни соли 2017 иҷро нагаштани талаботаш, хешовандони наздики ӯро кушта, молу мулкашро несту нобуд мекунад.

Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Июнь 23, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд