Владимир Колоколсев: «ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди давлатҳои аъзои ИДМ буда, дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир нақши назаррас мегузорад»
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ оғоз гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа сараввал вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ-ро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштарак метавон бо ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ мубориза бурда, самараи дилхоҳ ба даст овард.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ нахуст Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ташрифи ҳайати баландпояро ба кишвари офтобии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба маншаъ гирифта, дар ин ҷода ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
«Ин имкон медиҳад, ки дар пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем»,-илова намуд Р. Раҳимзода.
Сипас, Раиси Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев ҳозиринро ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқчӣ ва шарики боэътимоди давлатҳои аъзои ИДМ буда, дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир нақши назаррас мегузорад.
Дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ ва амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, лоиҳаи байнидавлатии барномаҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ оид ба таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ баррасӣ хоҳанд гардид.
Дар айни замон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






