ВМКБ: мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ тарзи таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ тавассути воситаҳои электрониро меомӯзанд
ХОРУҒ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ дар соҳаи ҷангалпарварӣ, ҳифзи набототу ҳайвонот дар ҳудуди ҷангалзорҳо, пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвонот барои мутахассисони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давраи омӯзишӣ роҳандозӣ шуд.
Яке аз вазифаҳои асосии Агентии хоҷагии ҷангали кишвар таъмини ҳифз, барқароркунӣ, истифодаи бисёрҷабҳа ва устувори захираҳои ҷангал ба шумор меравад. Солҳои навадуми асри гузашта ба иллати камбудии неруи барқ аксарияти ҷангалзорҳо ба биёбон табдил ёфтанд. Сокинони деҳот бо истифода аз беназоратии кормандони соҳаи ҷангалпарварӣ дарахтонро бурида, ҳайвоноти нодирро бераҳмона шикор мекарданд.
Ба гуфтаи сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят Назрӣ Назриев то солҳои 90-уми асри гузашта масоҳати умумии ҷангалзори вилоят зиёда аз 16 ҳазор гектарро ташкил медод, аммо дар давоми даргириҳои дохилӣ ҳамаи ҷангалҳо ба нобудӣ расонда шуданд. Дар ин солҳо ҳуҷҷатгузорӣ низ аз байн рафт. Аз даҳаи аввали соли 2000 ба барқарорсозии ҷангалзорон ва ҳифзи набототу ҳайвонот аз сари нав оғоз ёфт. Соли 2011 дар ҷумҳурӣ усули нави идоракунии ҷангалҳо-идоракунии муштараки ҷангал аз сӯи бахши хусусӣ ва давлат ба роҳ монда шуд. То соли 2014 бештари масоҳати ҷангалзор ба сокинони деҳот ба иҷора дода шуданд. Ин ба суръати барқароркунии ҷангалзор такони хуб бахшид. Аз сӯи дигар мушкили дастрасӣ ба неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз миён бардошта шуд, ки ин омил низ боиси рушди босуръати соҳаи ҷангалпарварӣ гардид.
Аммо ҳанӯз ҳам ҳодисаҳои буридани дарахтон ва шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, дар назди Агентии давлатии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ шуъбаи Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор таъсис дода шуд. Мудири шуъбаи мазкур Усмон Усмонов, ки масъулияти баргузории семинари мазкурро ба зимма дошт, изҳор кард: «Мо дар ин семинар перомуни тартибу таҳияи ҳуҷҷатҳо дар соҳаи ҷангалпарварӣ суҳбату баҳс мекунем. Дар замони муосир ҳуҷҷатнигорӣ бештар тавассути воситаҳои электронӣ сурат мегирад ва кормандони соҳаи ҷангалпарварӣ низ аз чунин тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳо бояд дар канор намонанд».
Дар семинар намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ, Парки миллӣ, Мамнуъгоҳи табии «Зоркӯл» ширкат варзиданд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






