Вохӯрӣ бо бонувони ҳунарманди шаҳри Ваҳдат
ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бораи ҷалби духтарон ба таҳсил, пешгирии бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода дар фабрикаи дӯзандагии «Ёқут»-и шаҳри Ваҳдат бо иштироки зиёда аз 250 нафар занону духтарон вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷамъомад И. Қосимзода ҳозиринро бо 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик намуда, занонро барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват намуд. Зикр шуд, ки тарбияи дурусти фарзанд ва сарфаю сариштакорӣ дар хонадон ба зиммаи зан аст. Маҳз зан-модар метавонад фарзандони солим тарбия намояд.
Ҳамчунин зимни суҳбат Раиси Кумита ба арҷ гузоштан ба суннату анъанаҳои аҷдодӣ, эҳтироми ҳамдигар, муҳаббати самимӣ ба аъзои хонавода, ҳамчун фарзанд қабул намудани келину домод ва зоҳир намудани муҳаббати самимии падаронаю модарона ба онҳо, мустаҳкаму солим нигоҳ доштани оилаҳо ва шукргузорӣ аз ободиву осудагии Ватани биҳиштосо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






