Зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Красноярски Россия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикони вилояти Красноярски Федератсияи Россия дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаро ба дӯстиву бародарӣ даъват менамоянд. Зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят кору фаъолият доранд, ин рӯзро таҷлил хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини раиси «Пайванд» (ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск) Ҳазаралӣ Асламов иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки «дар вилояти Красноярск зиёда аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд. Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск соли 1997 таъсис ёфта, дар он 15 ҳазор нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд».
Ба гуфти Ҳ. Асламов, « соли 2011 дар назди ҷамъият як Маркази ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои ин ҷо таҳсил мекунанд, таъсис дода шуд. Дар чорабиниҳои ин марказ 130 нафар ҷавонони тоҷик фаъолона иштирок мекунанд, ки аз онҳо 50 нафарашон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Красноярск таҳсил доранд».
«Ҳамаи чорабиниҳои ҷашние, ки баргузор мегарданд, дар якҷоягӣ бо ин Марказ гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳамаи анъанаҳои миллӣ, аз қабили тўйи домодиву арусӣ ва хатнасур дастаҷамъона гузаронида мешаванд», — изҳор дошт Ҳ. Асламов
Тавре ӯ зикр намуд, ҷамъияти тоҷикони Красноярск иқдоми некро пеша карда, ҳамасола зимни истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон ба дармондагон ва бошандагони хонаи ятимони вилоят сару либос ва хӯрока кӯмак менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






