11 июл — Рӯзи умумиҷаҳонии нуфуси аҳолӣ. Имсол он ба бунёду ташкили оила бахшида мешавад

Июль 11, 2017 16:31

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии нуфуси аҳолӣ дар Маркази иттилоотӣ-омӯзишии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷамъомади идона таҳти унвони «Ба мардум хушҳолӣ бахш ва миллатро рушд бидеҳ!» баргузор гардид.

Зимни ҷамъомади идона намояндаи UNFPA- Фонди СММ доир  ба нуфуси аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Ҳамидова ҳозиринро бо  ин ҷашн табрик намуда, аз таърихи таъсисёбии ин рӯз ёдовар шуд. Ӯ зикр намуд, ки мавзӯи асосии баррасишавандаи ин ҷашн дар соли равон ба бунёду ташкили оила бахшида мешавад.

Ба гуфтаи Азиза Ҳамидова, қаблан роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, олимону файласуфон аз он бонги хатар мезаданд, ки аҳолӣ торафт дар ҳоли афзоиш аст ва мо онҳоро ҳамаҷониба наметавонем таъмин созем ва беҳтар аст, ки шумораи онҳо кам гардад. Ин андеша куллан хатост. Имрӯз ин андешаро ҳеҷ як созмон, аз ҷумла СММ ҷонибдорӣ намекунад. Барои мо хеле муҳим аст, ки ҳар як инсон дар олам бо майлу рағбат ва интизориву умедвориҳои зиёд тавлид ёбад ва волидонаш хостори ба дунё омадани ӯ бошанд.

11 июл рузи нуфуси ахолиБояд гуфт, ки ҳамасола 11 июл ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии нуфуси аҳолӣ дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии ин сана бо номи «World Population Day» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 1989 тасдиқ гардидааст. Созмони мазкур ҳар сол омори ҷаҳонӣ ва афзоиши нуфуси аҳолиро назорат ва мушоҳида мекунад. Ҳар сол дар Венгрия намояндагони соҳаи омори ҷаҳонӣ машварат доир мекунанд, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори дунё мутахассисони соҳа ҷамъ омада, доир ба корҳои анҷомдода ҳисобот медиҳанд.

Тибқи тадқиқоти  СММ, то соли 2050 шумораи аҳолии кураи Замин ба 10 миллиард нафар наздик мешавад. Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешавад, ки соли 2100 аҳолии Замин аз 7,6 миллиард нафари феълӣ то ба 11,2 миллиард хоҳад расид.

Дар гузориш ҳамчунин дарҷ гардидааст, ки ояндаи наздик Ҳиндустон аз рӯи шумораи аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад: ин  соли 2024, вақте иттифоқ меафтад, ки аҳолии Ҳиндустон 1,4 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад шумораи аҳолӣ соли 2013 бо таваллуди кӯдаке дар шаҳри Душанбе ба 8 миллион нафар расид. Унвони ифтихории «Шаҳрванди ҳаштмиллионаи Тоҷикистон» насиби духтарчаи навзоде бо номи Сумая гардид, ки субҳи 5 феврали соли 2013 ба дунё омад.

Июль 11, 2017 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад