Абдураҳмон Қодирӣ: «Иқдоми соҳибкорони вилоят оид ба саҳмгузорӣ дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ қобили дастгирист»
ХУҶАНД, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони вилояти Суғд азм доранд соли равон дар доираи Барномаи вилоятии «Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» дар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 9 млн.сомонӣ корҳои кашидани хатти оби нӯшокии ошомиданиро маблағгузорӣ намоянд. Ин нукта дирӯз зимни баргузории нишасти хабарии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони ВАО баён гашт.
Ба иттилои раиси вилояти Суғд, ин кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ қобили дастгирӣ буда, то имрӯз дар масъалаи кашидани хатти оби нӯшокӣ дар минтақаҳо ба маблағи 4,1 млн сомонӣ корҳо иҷро гаштаанд.
Ҳамчунин Абдураҳмон Қодирӣ баён дошт, ки тибқи барномаи мазкур соли равон дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ бояд 213,6 км хатти нави оби нӯшокӣ кашида шавад. То имрӯз 188,5 км ё 88,2 фоизи корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ ба иҷро расидаанд. Инчунин барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тибқи нақша бояд 71 адад ҳавзҳои захиравии об ва 50 адад чоҳҳои амудӣ низ сохта шаванд, ки дар давоми нимсолаи аввал 54 ҳавз ва 34 адад чоҳҳои амудӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, 12 адад чоҳҳои амудии воқеъ дар мавзеи Хоҷа Боқирғони ҷамоати Овчӣ-калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз он сокинони шаҳри Хуҷанд бо об таъмин мегарданд, аз нав пас аз таъмир ба фаъолияти пурра шурӯъ намудаанд.
Инчунин тибқи дастури раиси вилояти Суғд раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки он шаҳраку маҳаллаҳои наве, ки сокинон то имрӯз дар онҳо соҳиби замини наздиҳавлигӣ гаштаанд, бояд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ бо хатти оби нӯшокӣ ва хатти барқ таъмин карда шаванд.
-«Соли равон дар доираи барномаи вилоятии «Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» 37 млн сомонӣ маблағҳо равона карда шуда, ҳоло дар давраи ҳисоботӣ 16 млн сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 43,1 фоизи нақшаи умумии кориро ташкил медиҳад», — афзуд раиси вилояти Суғд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






