Абдураҳмон Қодирӣ: «Кӯшиш дорем, ки фарқияти содироти молро бо воридот баробар созем»

Июль 22, 2017 09:39

ХУҶАНД, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  кӯшиш дорад, ки дар ояндаи наздик фарқияти содироти молро бо воридот баробар созад. Ин нуқта зимни нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.

Раиси вилояти Суғд доир ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2017 сухан карда, баён намуд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввал бо натиҷаи мусбат ҷамъбаст гардиданд.

Ба иттилои Абдураҳмон Қодирӣ, аз 90 корхонаи соли равон тибқи накша сохташаванда то имрӯз 29 корхона бунёд шуда, дар ин замина новобаста аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ гардиши савдои хориҷии вилоят низ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти соҳаи саноати вилоят нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 137,3 % -ро ташкил дода, ба беш аз 4,3 млрд. сомонӣ баробар шудааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ бақияи қарзи андоз 4,2 млн. сомонӣ кам гардида, дар натиҷаи танзими фаъолияти корхонаҳои коркарди ғалла истеҳсоли орд дар вилоят 4 маротиба зиёд шудааст.

Тавре Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иттилоъ дод,   дар соҳаи кишоварзӣ низ натиҷагириҳо мусбат буда, дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ 43 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии нав ташкил ёфта, шумораи умумии онҳо то имрӯз ба 67 ҳазор расидааст. Кишоварзони вилоят дар ин давра ба андозаи зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад  зиёд аст.

Июль 22, 2017 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!