Агар дарди меъдаву рӯда, тарбоду миён ва безурётӣ шуморо озор диҳад, рӯ ба чашмаи «Бибӣ Фотимаи Заҳро» оред

Июль 4, 2017 11:47

ХОРУҒ, 04.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чашмаи шифобахши «Бибӣ Фотимаи Заҳро» ба қабули беморону        истироҳаткунандагон оғоз намуд. Агарчи ин чашма дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим дар масофаи 200 километр дур аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аммо бо хусусиятҳои шифобахшӣ, манзараҳои ҷолибу тамошобоб сол то сол таваҷҷуҳи сокинони кишвар  ва берун аз онро бештар ба худ ҷалб мекунад.

Сардори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии «Бибӣ Фотимаи Заҳро» Ақназар Самадов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин истироҳатгоҳи табобатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати ин Вазорат дар ин ҷо ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд. Барои қишрҳои дигари ҷомеа низ дари ин истироҳатгоҳ ҳамеша боз аст ва онҳо бо пардохти маблағи муайян аз оби чашма баҳра мебаранд. Баъди бунёд гардидани панҷ меҳмонхонаи нав ҳоло  дар як баст истироҳатгоҳ то 100 нафарро қабул карда метавонад.

Хизматрасонӣ  дар ин муассиса  мутобиқи меъёрҳои муосир  ба роҳ монда шуда,  муштариён аз хизмати  маркази саломатӣ,  кабинети  физиотерапевтӣ, дорухонаи  гиёҳҳои шифоӣ ва   ёрии  таъҷилӣ истифода мебаранд.  Барқароркунии пурраи  ҳудуди  истироҳатгоҳ соли 2000  оғоз ёфта,  марҳила ба марҳила  анҷом дода шуд.  Дар ин муддат  зиёда аз  10 ҳазор бех  дарахтони сояафкан шинонда шуда,  боғи мевадор ҳам  дар нашъунамо аст.

Истироҳатгоҳи «Биби Фотимаи Заҳро»  барои  касалиҳои  сирояткунанда, пӯст, дарди дил, тарбод,  меъда,  безурётӣ ва чандин  дардҳои дигар  фоидаовар аст.  Дар назди чашма  нуқтаи  ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд аст ва баъди аз оби чашма берун омадан табибон вазъи саломатии ҳар як беморро муоина мекунанд.

Мавсими пазироии беморону дамгирандагон то даҳаи дуюми моҳи сентябр идома меёбад.

Июль 4, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд