Агентии обуҳавошиносӣ: ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 26-31 дараҷа ва дар шарқи он 15-20 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 37-42 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии он 39 — 41 дараҷаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






