Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: аз 6 то 10 июл ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед!

Июль 7, 2017 08:58

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 44 дараҷа мерасад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 6 то 10 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк дар назар дошта шудааст. Дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он  14-19 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 39-44 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво 38-43 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 37-42 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 37 — 42 дараҷа гарм мешавад.

Дар заминаи гармшавии ҳарорат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки давоми панҷ рӯзи оянда боэҳтиёт бошанд: «Бахусус дар ҳолатҳои истифода аз роҳҳои кӯҳӣ, будубош дар соҳили рӯдхонаву обанбор ва ҳавзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд».

Ҳамчунин ба сокинон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои гарм камтар зери шуоъи офтоб қарор бигиранд ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрашонро фаромӯш насозанд: «Бештар об истеъмол кунед, дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад. Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед».

Июль 7, 2017 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид