Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон : рӯзҳои истироҳатӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст

Июль 22, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он  19-24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 34 -39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст, 37 – 39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 22, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд