Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон : рӯзҳои истироҳатӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 34 -39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст, 37 – 39 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






