Ҳайдар Одиназода, ректори ДТТ: дипломи номзади илми Тоҷикистон дар Франсия ҳамчун дипломи доктор пазируфта мешавад
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз самтҳои фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) мавҷудияти факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон- Беларус мебошад, ки айни замон дар он 445 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли равон 125 нафар донишҷӯёни факултети муштарак курси дуюмро хатм менамоянд, ки бештари онҳо барои минбаъд идома додани таҳсил ба Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Академияи давлатии авиатсияи Беларус интиқол дода мешаванд»,-зикр намуд Ректори ДТТ Ҳайдар Одиназода имрӯз дар ҳузури хабарнигорон.
Ректори Донишгоҳ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ бо дигар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ чунин баён дошт: «Донишгоҳ бо зиёда аз 100 донишгоҳи байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар айни ҳол 41 нафар омӯзгорони ҷавони донишгоҳ дар шуъбаҳои аспирантураи кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд».
Ҳамчунин зикр гардид, ки дипломи магистрони Донишгоҳ, аз нигоҳи баробарвазнӣ дар доираи Шӯро оид ба шинохти баробарвазнию баробарии ҳуҷҷатҳои таҳсили дар соҳаи маорифи ИДМ, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон узви он мебошад, ҳамвазн пазируфта мешавад. «Дипломи номзадии Тоҷикистон дар Франсия ҳамчун дипломи доктор пазируфта мешавад. Яъне хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон метавонад дар дигар давлат низ ҳамчун муҳандис кору фаъолият намояд»,-илова намуд ректори Донишгоҳ.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






