«Анъанаҳои миллӣ ба шаклу низоми ягона хоҳанд даромад!»-шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (17.07.2017,№148) аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов хабари муфассал чоп карда, навиштааст: «Зимни мулоқот барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ, зарурияти фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ, ташкили Шӯрои корӣ ва ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд».
Зимнан, ҳафтаи гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ноиби президент – мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқоти мазкур тавре нашрия навиштааст: «Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ширкати «Ҷенерал Электрик» даъват ба амал оварданд, ки ба бахши гидроэнергетикаи кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар сармоягузорӣ ба ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мо фаъолона иштирок намоянд».
Нашрияи «Ҷумҳурият» аз суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар эстакада – нахустин роҳи сесатҳа, ки дар буриши хиёбонҳои Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ҷараён дорад, гузориши матбуотӣ нашр кардааст. Бояд гуфт, ки сохтмони ин иншооти бузургтарини минтақа 22 июли соли 2016 оғоз ёфта буд ва муҳандисону сохтмончиён азм доранд, ки то моҳи январи соли 2018 он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад ва зиннатбахши пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гардад.
Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (18.07.2017,№149) аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабарҳои ҷолибро нашр карда, мусоҳибаи хабарнигори нашрияро бо Раиси шаҳри Сарбанд Санавбар Самизода дар мавзӯи рушди бомароми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар мисоли як ноҳияи вилояти Хатлон бо нишон додани натиҷаҳои назаррас ва имкониятҳои иқтисодии мавҷуда чоп кардааст. Ҳамчунин нашрия мақолаҳои таҳлилиро бо сарлавҳаҳои «Сармоягузорӣ ба фарзанд», «Нусратулло Махсум. Зиндагии баъд аз марг», «Ҳулбук мизбони мактаби бостоншиносони ҷавон», «Анъанаҳои миллӣ ба шаклу низоми ягона хоҳанд даромад», «Таҳдиду хатарҳо. Дарки бошууронаи ҳаводиси ҷаҳони муосир роҳи наҷот мебошад» пешкаши хонандагон намудааст.
Нашрияи «Ҷумҳурият» (19.07.2017,№150) матни Қоидаҳои ягонаро барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет чоп кардааст. Қоидаҳои ягона бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, таҳти рақами 344 тасдиқ шудааст. Бояд зикр кард, ки мувофиқи қарори мазкур вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар муҳлати як сол сомонаҳои расмии худро ташкил ва ё ба Қоидаҳои мазкур мувофиқ менамоянд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (18.07.2017,№85) мақолаи «Чаро пулҳо фарсуда мешаванд? Пеши корношоямии онҳоро бояд гирифт» чоп кардааст. Ба андешаи муаллифи мақолаи мазкур, «Аз рӯи пул метавон ба миллат баҳогузорӣ намуд, чунки имрӯзҳо кам нестанд шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ ба сифати меҳмон, сайёҳ, донишҷӯ, корманд қарор доранд ва онҳо низ аз сомонӣ истифода менамоянд. Пас кӣ кафолат дода метавонад, ки ҳамин хориҷиҳо пулҳои сомонии фарсудаи моро дастак намекунанду моро паст намезананд».
Дар шумораи навбатии «Садои мардум» (20.07.2017,№86) хабару гузоришҳои муфассал аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ чоп шуда, мақолаҳои таҳлилии «Замони муосир: хатарҳо ва сабақҳо», «Бо ҷарима кардану ҷазо додан оё метавон фарҳанги экологиро баланд бардошт?» ва «Табибе, ки кишварашро «Бабри Осиё» кард» пешкаши хонандагон шудаанд.
Дар шумораи навбатии нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳои зерин: «Ҳушдор аз таҳоҷуми фарҳангӣ», «Оила – арзиши муқаддас», «Дарси сарварӣ – 9 сабақи Куруши Кабир» дарҷ гардидаанд.