Ансамблҳои «Лола» ва «Садо» Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии рақси мардумӣ муаррифӣ мекунанд

Июль 20, 2017 10:33

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 20 то 30 июли соли 2017 дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Фестивали V байналмилалии рақси мардумӣ баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши фарҳангии байналмилалӣ ҳайати ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода ва Ансамбли «Садо»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев муаррифӣ менамоянд.

Ба иттилои манбаъ,  ҳайати 35-нафараи ҳунармандони ансамблҳои номбурда бо мақсади иштирок дар Фестивал субҳи 19 июли соли 2017 ба сафар баромаданд.

Июль 20, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад