Аз бағоҷи як мусофир як адад тангаи давраи подшоҳӣ ва 29 адад тангаи муосири Россия дарёфт ва мусодира гардид

Июль 20, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 адад тангаҳои гардишашон мутаалиқ ба Россия ва замонҳои гуногун   аз  бағоҷи дастии шаҳрванди 26- солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳ.С., ки ба   хатсайри Душанбе – Екатеринбург нияти парвоз дошт, зимни муоинаи гумрукӣ аз ҷониби гумрукчиён  дар Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе дарёфт  ва мусодира гардид.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  аз 30 адад тангаҳои мусодирагардида  29 адад номинали сиккаҳои (1, 2, 5, 10 рубл ва 10, 50 копек) муосири Федератсияи Россия  ва 1 ададаш сиккаи фулузии соли бароришаш 1821-ро ташкил медиҳад, ки дар маркази намои он бо ҳуруфи русии қадим -кирилӣ «2 копейки /Е.М» бо барги дарахти нахл дар ҳошия ва дар қисми болои марказӣ тоҷ ҳаккокӣ гардидааст.  Дар самти муқобили ин сикка тасвири салтанати Россияи  подшоҳӣ ва дар маркази он рамзи яке аз князгариҳои Россияи подшоҳӣ  ҳаккокӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар асоси хулосаи мутахассисони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаи мазкур дорои қимати таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Бино ба иттилои  манбаъ, нисбат ба шаҳрванд Ҳ.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 3 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст.

Июль 20, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад