Аз интиқоли ғайриқонунии 2,5 миллион рубли русӣ ба Россия ҷилавгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди 33-солаи ҷумҳурӣ М.А. мехост, ки 2,5 миллион рубли русиро ғайриқонунӣ, бидуни пур кардани эъломия ва санади тасдиқкунанда бо роҳи ҳавоӣ ба Россия барад. Вале ин амали ғайриқонунии ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ва Прокуратураи нақлиёти кишвар ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ дар бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри Душанбе -Москва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ошкор гардид.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрванд М. А. бо ин амали худ сӯиқасд ба ҷинояти тибқи моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар ашёҳо ба миқдори калон бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ва декларатсия накарданро содир намудааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба шаҳрванд М. А. бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






