Б. Ғафуров: таҷлили Рӯзи маъюбон ва эҳдои меҳрубониҳо ба онҳо

Июль 8, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 150 нафар маъюбон бо оростани дастурхони идона ва эҳдои меҳру муҳаббат истиқбол гирифта шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  хабар доданд, дар ҳудуди ноҳия 7 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки  1023 нафарашонро кӯдакону наврасони то синни 18-сола ташкил медиҳанд. Дар арафаи ҳар иду айём ба ин шахсон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ашхоси саховатманд кумак расонида мешавад.

Ин навбат низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин муносибат дар тӯйхонаи «Хестварз» дастурхони идонаю чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуданд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ иброз дошт, ки сазовори ҳама гуна ғамхориву дастгирӣ, фароҳам овардани шароити арзанда  барои маъюбону пиронсолон аз рукнҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар роҳи иҷрои дастуру раҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъюбону пиронсолон ва ашхоси ниёзманд хамеша таҳти таваҷҷуҳи мақомоти иҷроия қарор доранд.

Дар ҷамъомад баробари дастурхони идона ва тақдими туҳфаҳо аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Суруду таронаҳо дар васфи Ватан, сулҳу амонӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷониби маъюбон пешкаши иштирокдорон гардид, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Б.Ғафуров Таҷлили Рӯзи маъюбон _1 Б.Ғафуров Таҷлили Рӯзи маъюбон

 

 

Июль 8, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид