Ба диққати ронандагон! Ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок то мавзеи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки 6 июли соли равон ҳаракат дар бархе аз роҳҳои мошингарди Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур иттилоъ доданд, баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои лоиҳаи «CASA-1000» 6 июли соли 2017 аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи «Варзоб ГЭС»-и шаҳри Душанбе то мавзеи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.
«Бинобар ин, аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунем, то дар ин рӯз аз сафар худдорӣ намоянд»,-зикр намуд манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






