Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар охири музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Изҳороти муштараки “Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо карданд. Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон ба номи Пир Алӣ Шоҳ Меҳр ба имзо расонида шуд.
То имрӯз заминаи ҳуқуқию меъёрии муносибатҳои ҳамкорӣ аз 50 санади муҳим иборат буд.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барои доираи васеъи хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон назаррас арзёбӣ намуданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






