Ба занони ноҳияи Балҷувон барои парвариши занбӯри асал шароити мусоид фароҳам оварда шудааст

Июль 25, 2017 15:22

ДУШАНБЕ, 25.07.2017. /АМИТ «Ховар»/  Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 13 нафар зан аз оилаҳои камбизоатро бо 130 сар оилаи занбӯр, таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асал таъмин намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» хабар дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, барқарорсозӣ ва идоракунии устувори чарогоҳҳо, дастгирии занони маҳаллӣ дар самти коркарди асал равона гардидааст. Роҳбарияти Марказ зикр намуданд, ки  ин гурӯҳи занон аз ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон мебошад ва дар ҷамоати мазкур барои парвариши занбӯри асал шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тибқи маълумоти марказ, соли 2015 ин гурӯҳи занон бо оилаҳои занбӯри асал таъмин гардиданд ва давоми солҳои 2015-2016 дар маҷмӯъ 1300 кг асал истеҳсол карданд.

 

Июль 25, 2017 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад