Бар асари омадани сел дар Дарвоз 19 хона зери об монд

Июль 10, 2017 12:38

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари селе, ки аз қаламрави Афғонистон ворид шуд, дар як рустои ноҳияи Дарвоз 19 хона зери об монда, 800 метр роҳи Душанбе -Хоруғ хароб гардид.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шоми рӯзи шанбе, 8 июл аз он сӯи рӯдхонаи Панҷ дар деҳаи Рованаки вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сел ҷорӣ шуда, маҷрои дарёи Панҷро баст ва  кӯли сунъии калонеро ба вуҷуд овард. Ҳамчунин 800 метр роҳ дар 319 километраи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ зери об монда ҳаракати мошинҳо ба ду самт мутаваққиф гардид.

Ба иттилои манбаъ, 8 июл гурӯҳи фаврӣ созмон дода шуда, ба ноҳияи Дарвоз сафарбар гардиданд, то вазъро санҷида, ба зарардидагон кумаки ҳамаҷониба расонанд. «Зарардидагон ба ҷойи амну бехатар интиқол дода шуданд ва дар айни замон бо ғизои гарм таъмин карда мешаванд. Ситоди доимамалкунанда созмон дода шуда, масъалаи кумакҳои аввалияи ба зарардидагон дар ҳоли ҳал шудан аст»,- зикр намуд манбаъ.

Ҳоло барои роҳандозии корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани роҳи масдудшуда техникаҳои Хадамоти техникии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд. Корҳои тоза кардани  оқибатҳои сел шурӯъ шуда, корҳои соҳилбандӣ идома доранд. То боз шудани ин роҳ ҳаракати мошинҳои мусофирбару боркаш ба воситаи ағбаи Хобурубот ба роҳ монда мешавад.

Сел дар ноҳияи Дарвоз _1 Сел дар ноҳияи Дарвоз

Июль 10, 2017 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад