Барои оилаҳои зарардидаи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз қитъаи замин ҷудо карда шуд
ХОРУҒ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои 19 оилаи деҳаи Хостави ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз дар яке аз зеботарин мавзеҳои ин ноҳия, ки бо номи «Боғи бобои Ҷамол» машҳур аст, қитъаи замин барои бунёди манзил ҷудо карда шуд. Раиси ин ҷамоат Аловиддин Афғонов гуфт, ки мутобиқи қарори раиси ноҳия ба сабаби кам будани замини корам ба ҳар оила 4 ҳисса қитъаи замин ҷудо мешавад, аммо ба зарардидагони деҳаи Хостав 6 ҳисса замин ҷудо карданд. Тақсими хонаҷой дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тарзи қуръапартоӣ сурат гирифт. Замине, ки дар он манзил бунёд мекунанд, чаҳор гектар аст ва баъзе ҷои он каме нишебӣ дорад ва аз ин рӯ худи ҳамин рӯз ба ин мавзеъ техникаву мехнизмҳои пуриқтидор интиқол дода мешаванд. Пас аз тахту ҳамворкунӣ сохтмони хонаҳо оғоз меёбад.
Ба гуфти раиси ҷамоати мазкур, хонаҳои аз сел зарардида аз миён бардошта мешаванд, аммо замини наздиҳавлигӣ ва боғ дар ихтиёри соҳибони хона мемонад. Онҳо ҳақ доранд аз қитъаи замин ва боғи худ истифода баранд, аммо зистан дар ин маҳалро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода манъ намуданд. Рӯзи 8 июли соли равон соати 15 бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Раванаки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҷрои дарёи Панҷ баста шуда, ҳавзи сунъӣ ба вуҷуд омад. Бар асари он 19 манзил пурра, 3 хона қисман зарар диданд ва роҳи мошинагард дар деҳаи Хостав зери об монд. Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар зудтарин фурсат аҳолии зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хайма ва маводи ғизоӣ таъмин гардиданд.
Роҳи мошинагарди Хоставро низ нав барқарор намуданд. Боз як сели дигар дар он сӯи марз, дар деҳаи Деҳхоҳи Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷоцгир аст, ҷорӣ шуда, панҷ манзил ва 800 метр роҳи мошинагарди Кӯлоб- Қалъаи хум — Хоруғро аз байн бурд.
Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҳамроҳи мутахассисони ватанию хориҷӣ ба ин қитъаи роҳ омаданд. Дар масофаи 800 метр нишонае аз роҳи мошинагард вуҷуд надорад ва як кӯҳи азими сарнишеб боқӣ мондааст. Пас аз муҳокимаи қазияҳои мухталиф оид ба барқарор кардани роҳи мошинагард мутахассисони соҳаи роҳсозӣ ба ин хулоса омаданд, ки ягона василаи барқарор намудани ин қитъаи роҳ аз мобайни кӯҳ гузаронидани он аст. Сарвазири ҷумҳурӣ ба роҳсозони ватанию хориҷӣ дастур дод, ки аз худи ҳамин соат ба сохтмони роҳ машғул шаванд, то ҳарчӣ зудтар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳоро аз бунбаст раҳоӣ бахшанд.
Баъди интиқоли техникаву мехнизмҳо сохтмони роҳи нав дар масофаи 800 метр шурӯъ мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






