Беш аз 21 млн. рубли русӣ музди меҳнати пардохтанашудаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ФР баргардонида шуд

Июль 20, 2017 14:29

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дахолати кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия дар нимсолаи аввали соли равон 21 млн. 826 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтанашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода зикр намуд, ки бо мусоидати намояндагӣ 32 қарори судҳои ноҳиявӣ бо қарорҳои судҳои болоӣ  бекор карда шуда, аз ҷониби он  зиёда аз 6357 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон  бо ҷойи кори доимӣ дар Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ин давра 696 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Июль 20, 2017 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид