Бонки миллии Тоҷикистон: «Тангаҳои филизин ба муомилот бароварда мешаванд»

Июль 24, 2017 13:31

ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Маҷмӯи   маҳсулоти дохилии кишвар  дар нимсолаи якуми соли 2017   дар ҳаҷми зиёда аз 24 милиард сомонӣ  ва афзоиши воқеии он 6,0 фоизро ташкил дод. Рушди иқтисодиёти кишвар  асосан аз ҳисоби бахшҳои саноат 21,3 %, кишоварзӣ 6,4 %  ва гардиши савдои чакана 3,6 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар ин давра 5,9 фоизро ташкил дода,   дар муқоиса ба 6 моҳи соли гузашта  2,8 %  зиёд мебошад. Таваррум дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 8,3 %, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,3% ва хизматрасониҳо 4,9 % ба вуҷуд омад. Ин нуктаро  имрӯз муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Ҷ. Нуралиев  зимни посух ба  суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма зикр кард, ки  қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА  аз аввали соли 2017 то 30 июни соли 2017  11,9 % коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2016 он 10,8 % коҳиш ёфта буд). Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки  қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА дар ин давра ба андозаи 11,7 фоиз баланд шуд (дар  шаш моҳи соли 2016 он 5,5 % афзоиш ёфта буд) ва  фарқияти  байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА айни ҳол андозаи 0,6 %-ро ташкил медиҳад.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мутаносибан 737 адад ва 2985 ададро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи терминалҳои электронӣ 690 адад зиёд шудаанд.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба  фарсуда будани пулҳои 1,3 ва 5 сомонӣ  зикр карданд, ки  дар ояндаи наздик  ба ҷои онҳо тангаҳои филизин ба муомилот баоварда мешаванд.

 

 

Июль 24, 2017 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид