Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таълим тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд

Июль 11, 2017 17:01

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани илмҳои дақиқ ҳамеша  диққати махсус зоҳир менамоянд ва дар ин раванд ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои  мушаххас медиҳанд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади мунтазамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ факултети муштараки «Технологияи информатсионӣ»- и Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури  хабарнигорон баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, номбурда инчунин зикр кард: «Мувофиқи шартномаи тарафайн дар факултети технологияи иттилоотии муштараки Тоҷикистон-Беларус донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин дар оянда ба таъмин намудани кадрҳои болаёқат дар самти амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард».

«Бо мақсади тақвият бахшидан ба идоракунии сифати таҳсилот, шурӯъ аз 16 январи соли 2017 дар сохтори таркибии Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бахши идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шуд, ки  дар баргузор намудани минбаъдаи мониторинги сифати таълим дар факултетҳои он саҳмгузор гардид», — гуфт Абдусалом Миралиев.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун  яке аз донишгоҳҳои пурқувваттарин ва дорои базаи бойи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ дастпаварони он сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва ин боиси дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани раванд ва рушд кардани илми тоҷик мегардад.

Июль 11, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?