Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ бо иқтидори 30 кВт васл гардид

Июль 25, 2017 17:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020», корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии 10 адад НБО-и хурд дар шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ванҷ, Мурғоб, Роштқалъа, Рашт, Айнӣ ва Панҷакент  бо иқтидорҳои аз 75 то 10000 кВт, ки иқтидори умумиашон 13230 кВт-ро дарбар мегирад, ба роҳ монда шудааст.  Ин нуктаро чанд лаҳза пеш зимни нишасти хабарӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз дошт.

Ба гуфтаи вазир, баҳри  иҷрои Барномаи мазкур  нақшаи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

«То имрўз дар доираи «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020» ва Лоиҳаи «Барномаи таҳвили технология ва рушди бозор барои НБО-и хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳаи Сорвои ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат НБО-и хурди «Сорво-7» бо иқтидори 30 кВт мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати олмонии «DPU Investment GmbH» ва ширкати тоҷикистонии «Netracon Technologies Fze» тариқи кумаки бебозгашт дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон як адад таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ бо иқтидори 30 кВт  васл карда шуд, ки он барои ҷорӣ намудани технологияи муосири олмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаомўзии донишҷўён ва мутахассисони соҳа бо неругоҳҳои барқи офтобӣ нигаронида шудааст»,- иброз дошт Усмоналӣ Усмонзода.

Ба таъкиди Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об тақвият бахшида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Июль 25, 2017 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад