Дар Душанбе самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Корея баррасӣ гардиданд

Июль 25, 2017 09:07

ДУШАНБЕ, 25.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Корея дирӯз, 24 июл зимни мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) Квон Ён У баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин ҷараёни иҷрои лоиҳаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки молиявӣ ва техникии Ҷумҳурии Корея амалӣ мешаванд, баррасӣ намуданд.

«Ҷонибҳо атрофи маcъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.

 

 

Июль 25, 2017 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад