Дар фурудгоҳи Душанбе қочоқи тангаи мисини дорои арзиши таърихию фарҳангӣ пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 июни соли равон ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри №201 — и самти Душанбе — Москва аз дохили бағоҷи дастии шаҳрванди Федератсияи Россия Татяна Хужина, соли таввалудаш 1976 як адад тангаи мисин, ки дар ду тарафи он навиштаҷоти «копьи ки. Е. М.» ва «1823г.» дошт, дарёфт ва мусодира гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрванди номбурда эъломияи бо худ доштани тангаи қадима пешниҳод карда нашуд.
«Тангаи мазкур барои гузаронидани экспертиза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони ирсол гардид. Тибқи хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, тангаи зикршуда дар ҳолати хуб қарор дошта, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад»,-илова намуд манбаъ.
Бояд зикр кард, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ мамнӯъ аст.
Аз рӯи ҳолати зерин нисбат ба шаҳрванди мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






