Дар фурудгоҳи Душанбе қочоқи тангаи мисини дорои арзиши таърихию фарҳангӣ пешгирӣ карда шуд

Июль 1, 2017 10:41

ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 июни соли равон ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри №201 — и самти Душанбе — Москва аз дохили бағоҷи дастии шаҳрванди Федератсияи Россия Татяна Хужина,  соли таввалудаш 1976 як адад тангаи мисин, ки дар ду тарафи он навиштаҷоти «копьи ки. Е. М.» ва «1823г.» дошт, дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрванди номбурда  эъломияи бо худ доштани тангаи қадима пешниҳод карда нашуд.

«Тангаи мазкур барои гузаронидани экспертиза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони ирсол гардид. Тибқи хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, тангаи зикршуда дар ҳолати хуб қарор дошта, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад»,-илова намуд манбаъ.

Бояд зикр кард, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ мамнӯъ аст.

Аз рӯи ҳолати зерин нисбат ба шаҳрванди мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Июль 1, 2017 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад