Дар Хатлон 176 нафар занон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

Июль 5, 2017 12:04

ҚӮРҒОНТЕППА, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар» /.  Бо қарори Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 21 нафар занон соҳиби грант  гардиданд.

Тавре аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон хабар  доданд,  дар айни ҳол  бо пешниҳоди лоиҳаҳо «Чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ», «Либосҳои миллии тоҷикии атлас ва попурӣ дар мӯди ҳозира», «Таъсиси сехи адрасбофӣ», «Курси омӯзиши дӯзандагӣ», «Таъсиси сехи дӯзандагӣ», «Гулдонбофӣ», «Ошхона, эҳёи хӯрокҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои кадбонугӣ» ва «Рушди соҳибкорӣ дар олами зебоӣ» фаъол гаштаанд.

Дар   натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур 302 нафар бо ҷойи кор ва 176 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

 

Июль 5, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд