Дар Кӯлоб бунёди иншооти тандурустӣ бомаром ҷараён дорад
КӮЛОБ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Кӯлоб баҳри беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар шафати Беморхонаи вилоятии рақами 2 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони биноҳоии иловагӣ идома дорад. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот ҶДММ «Махсус» пеш мебарад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармуҳандиси иншоот Хайрулло Раҳимов иттилоъ дод, дар бунёди биноҳои иловагӣ аслан ҷавонон фаъолият дошта, онҳо бо техникаю таҷҳизоти муосири сохтмонӣ таъмин карда шудаанд. «Коргарон ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Дар дохили беморхона бошад таъмири асосии шуъбаҳои он идома дорад. Дар ин кор ҳайати табибон саҳми хешро гузошта, соҳибкоронро низ ҷалб кардаанд»,-илова намуд ҳамсуҳбат.
Ба гуфтаи табибон, баъди ба истифода супоридани бинои нав якчанд шуъбаи дигар кушода мешавад ва сокинони минтақаи Кӯлоб имкон пайдо менамоянд, ки дар ин беморхона аз хизматрасонии хуби тиббӣ бархӯрдор гарданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






