Дар Мастчоҳ маҳфили «Кадбону» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Соли ҷавонон дар чойхонаи миллии Азим Шариф маҳфили ноҳиявии «Кадбону» баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар маҳфил духтарону бонувони ҳунарманд аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳунарҳои дастӣ, чун атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ, риштаресии дастӣ ва хӯрокҳои маҳаллию миллиро пешниҳоди иштирокчиён ва меҳмонон намуданд.
Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода зимни боздид аз ҷараёни маҳфил бо кадбонуҳо суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ ва гиромидошти он даъват намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки қаблан чунин маҳфил дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида буд ва беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ гардиданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






