Дар ноҳияи Файзобод коргоҳи адрасбофӣ ба истифода дода шуд
ФАЙЗОБОД, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Чилчашмаи ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод аз ҳисоби соҳибкор Холмирзо Шаропов коргоҳи адрасбофӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар баробари истеҳсоли адрас, ҳамчунин 15 нафар аз занону духтарони маҳаллӣ ба тарзи бофтани адрас ҷалб гардиданд.
Роҳбари Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Фатҳуддин Нуров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки занону духтарон пас аз омӯхтани ин касб дар ҳамин коргоҳ ба кори доимӣ таъмин гардида, ба истеҳсоли адрас машғул мешаванд.
Матое, ки дар оянда корхонаи мазкур истеҳсол мекунад, 100 фоиз аз риштаи пахтагин буда, ба саломатии инсон безарар аст ва талабот ба ин гуна матоъҳо дар ҷумҳурӣ ва ноҳия хеле зиёд аст. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии соҳибкорон ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ сафи чунин корхонаҳоро зиёд намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






