Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 31.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Алҳол дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 803 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки аз 17 лоиҳаи сармоягузорӣ 14 лоиҳа мутааллиқ ба роҳҳои мошингарди кишваранд, ки беш аз 96 фоиз ё 773,6 миллион доллари маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳанд.
Худоёр Худоёрзода зикр кард, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории таҷдиди роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Исфара, Душанбе-Турсунзода ё қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе ва корҳои омодагӣ ба таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе –Қӯрғонтеппа босуръат идома доранд.
Ҳамзамон вазир афзуд, ки иҷрои корҳо дар лоиҳаҳои бунёди роҳи автомобилгарди Кӯлоб –Қалъаихумб, қитъаи Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон ва роҳи мошингарди Восеъ –Ховалинг дар арафаи анҷомёбианд.
Инчунин бо мақсади бунёди терминали боркашонӣ дар кишвар соли равон амалигардонии лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтори фурдгоҳи байналмилалии Душанбе» расман оғоз ёфт, ки татбиқи он ба рушди боркашонӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар раванди татбиқи лоиҳахои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт имрӯзҳо беш аз 1700 нафар мутахассисон ва коргарон фаъолият доранд, ки зиёда аз 1500 нафар ё 88,6 фоизи онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






