Дар Тоҷикистон филиали Донишгоҳи Кемёнги Корея таъсис дода мешавад

Июль 6, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳо дар соҳаи маориф ва илм муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев  бо ректори Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Сун Илҳӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот  Раҳматулло Мирбобоев аз ҳамкории густурда бо Ҷумҳурии Корея,  хусусан бо Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ёдовар шуда, иброз дошт, ки  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея  ҳамкории  судманд доранд.

Дар идомаи суҳбат масъалаи  зиёд намудани бурсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ва густариши омўзиши забони кореягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин Сун Илҳӣ пешниҳод намуд, ки филиали Донишгоҳи Кемёнг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Дар робита ба ин муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки қабл аз ифтитоҳи филиал факултаи муштарак байни Донишгоҳи Кемёнг ва яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея соли 1899 таъсис ёфта, дар он  аз рўи 99 ихтисос донишҷўён таҳсил менамоянд.

 

Июль 6, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад