Дар вилояти Хатлон семинарии омӯзишӣ ҷиҳати фаъолгардонии занон доир карда шуд

Июль 20, 2017 16:01

ҚӮРҒОНТЕППА, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон  ва  оилаи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон   дар якҷоягӣ  бо  Кумитаи  кор бо  занон  ва оилаи  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар  доираи  нақшачорабиниҳо оид  ба  амалигардонии Барномаи нави давлатии «Тартиб,  интихоб ва  ҷобаҷогузории кадрҳои  роҳбарикунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022»  семинари омӯзишӣ  баргузор намояд.

Тавре аз Раёсати кор бо  занон  ва  оилаи  Мақомоти иҷроияи  ҳокимиятӣ  давлатии вилояти Хатлон иттилоъ  доданд,  мақсади  баргузор намудани  семинар фаъолгардонии  занон,  баланд  бардоштани маърифати сиёсиву –ҳуқуқӣ ва  малакаи  касбии  онҳо  мебошад.

Дар кори семинар намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ  ва  ҳамоҳангсозони   Барномаи  мазкур  иштирок  намуданд.  Сармутахассиси  Раёсати кор бо  занон  ва  оилаи  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Сабзагул  Зокирова иттилоъ  дод, ки  чунин  семинарҳои омӯзишӣ бо  ҷалби занон  ва  духтарон  дар  дигар шаҳру  навоҳии  вилояти Хатлон  низ ба нақша гирифта шудааст.

 

 

Июль 20, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд