Дар Восеъ мактаби нав бунёд мегардад
ВОСЕЪ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҷдиду навсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ идома доранд. Дар ҳамин замина дар маркази ноҳияи Восеъ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд бо фармоиши маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии мактабҳо ҶДММ «Таъмиркор» корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61 оғоз гардида, бомаром ҷараён доранд.
Ба иттилои мутахассисон, таълимгоҳ барои 560 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ шуда, аз 16 синфхона, 5 утоқи фаннӣ, 2 синфхонаи таълими меҳнат, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 204 ҷои нишаст, ошхона барои 60 нафар, китобхона, 4 утоқи корӣ ва 3 озмоишгоҳи фаннӣ иборат мебошад. Муассисаи мазкур бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин мебошад. Дар айни замон васлу насби таҷҳизоти шабакаи гармидиҳӣ идома дошта, дар ин кор бо супориши фармоишгар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.
Ба қавли сохтмончӣ Юсуф Одинаев, аз оғози корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот беш аз 150 нафар сохтмончиён ва мутахассисони таҷрибадор фаъолият дошта, бо хӯрок ва маоши саривақтӣ таъмин мебошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






