Дарвоз: бар асари аз кор мондани муҳаррик қаиқ чаппа ва се нафар дар дарё ғарқ шуданд

Июль 17, 2017 11:38

ХОРУҒ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи чаппа шудани қаиқи муҳаррикдор дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз се нафар ба шумули кормандони ниҳодҳои низомию дохилӣ ва духтарчаи 10-сола ғарқ шуданд.

Ба гуфтаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Наим  Мираков, чун қаиқ як метр аз соҳил дур шуд, муҳаррикаш аз кор монд ва қаиқрон дигар натавонист онро идора кунад. Аз  7 нафар 4  нафарашон наҷот ёфтанд, аммо ҷустуҷӯи  се нафар ҳанӯз идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки 8 июли соли равон баъди ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Дехои вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҷрои дарёи Панҷ баста шуда, сатҳи оби он баланд гардид ва 800 метр қитъаи роҳи мошинагарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ  дар деҳаи Ширговади ҷамоати Нулванд зери об монд.  Бинобар ин иддае аз мусофирон ба воситаи пайроҳаи кӯҳӣ ин қитъаи роҳро убур мекарданд  ва гурӯҳи дигар аз хизмати қаиқи муҳаррикдор истифода менамуданд.

Бар асари аз кор мондани муҳаррик қаиқ чаппа шуду се нафар дар дарё ғарқ шуданд _2 Бар асари аз кор мондани муҳаррик қаиқ чаппа шуду се нафар дар дарё ғарқ шуданд _1

Июль 17, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд