Иқтидори зеҳнӣ ва моддию техникии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои дигар кардани мақоми он шароит фароҳам овардааст

Июль 21, 2017 14:07

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи таҳлили  сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли  таҳсили  2016-2017 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишон дод, ки сафи донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда нисбат ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2015-2016  ба 2,7% беҳтар шудааст. Имсол интихоби  Донишкада аз ҷониби довталабон ба 39 ҳазору 305 нафар расид ва рейтинги он дар ҷои шашум қарор гирифт. Ин нуктаро имрӯз  Ректори Донишкадаи молияи ва иқтисоди Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Қудрат Давлатзода ҳамчунин зикр намуд, ки иқтидори зеҳнӣ ва моддию техникии Донишкада барои дигар кардани мақоми он,  яъне   ба Донишгоҳ табдил гардиданаш  шароит фароҳам овардааст ва ин масъала дар ҳоли коркард қарор дорад.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки дар  Донишкада барои омода намудани муттахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ 6 факултет, 1  шуъбаи магистратура ва 27 кафедра фаъолият доранд, ки дар онҳо 409 нафар  омӯзгорон,  аз ҷумла  14  нафар докторҳои илм ва 106 нафар номзадҳои илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб карда шуданд.

Ба иттилои роҳбарият, дар Донишкада  барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 3 хобгоҳи ба талаботи имрӯза  ҷавобгӯи дорои 910 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шуда, фонди китобхонаи электронӣ низ  ворид карда шудааст.

Июль 21, 2017 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад