Идомаи нишастҳои матбуотӣ бо иштироки роҳбарони вазоратҳои адлия, саноат ва технологияҳои нав, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг»

Июль 25, 2017 11:04

ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 июли соли 2017 роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг» ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Мулоқоти роҳбарияти КВД «Тоҷикагролизинг» бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 9 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудааст. Нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 ва нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) гузаронида мешаванд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон соати 15 ба маҷлисгоҳи бинои Вазорати саноат ва технологияҳои нав (хиёбони Рӯдакӣ, 22) даъват кардааст.

Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

 

Июль 25, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид