Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон
ДУШАНБЕ, 27.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, тибқи талаботи меъмории замони муосир бунёд ёфтааст. Тарҳи ин бинои бошукуҳро дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” таҳия кардааст. Корҳои сохтмониро мутахассисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фараҳноз” анҷом додаанд.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 0,2 гектар сохта шудааст. Арзиши лоиҳавии он маблағи 2 миллиону 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор маблағи 264 ҳазор сомонӣ танҳо барои ҷиҳозонидани утоқҳои бино бо таҷҳизотҳои зарурии соҳавӣ сарф гардидааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 12 утоқи корӣ ҷойгир аст, ки ҳар яки он бо мизу курсии нав, ҷевонҳо, компютер ва дигар ашёи зарурӣ таъмин шудааст. Дар ошёнаи сеюм бошад, як маҷлисгоҳи барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва се утоқи меҳмонхона, ки дар онҳо тамоми шароити арзанда барои зист фароҳам оварда шудааст, воқеъ мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон зиёда аз 40 коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва музди меҳнати баланд таъмин гаштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз утоқҳои ин бино ва шиносоӣ бо шароитҳои мавҷудаи корӣ, иброз намудаанд, ки минбаъд бо истифода аз чунин шароиту имкониятҳо мутахассисони соҳаи маорифи ноҳия ҷаҳду талоши худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон дар мактабҳои ноҳия дучанд намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






