Ҷилавгирӣ аз камғизоӣ миёни кӯдакон-мавзӯи аслии баргузории Форуми миллӣ
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дуюмин Форуми миллӣ дар мавзӯи ғизо, зери унвони «1000 рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллат» ба кори худ оғоз намуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалии рушд аз созмондиҳандагони Форум ба шумор рафта, мақсади он бартараф намудани камғизоӣ дар байни кӯдакони Тоҷикистон тавассути равиши бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ, маориф, рушди иқтисод ва обу беҳдошт мебошад.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни суханронӣ аз пешрафти Тоҷикистон дар беҳдошти саломатии аҳолӣ ёдовар шуда, аз шарикон даъват намуд, ки минбаъд ҳам дар ҳалли мушкилоти ғизо якҷоя кӯшишу талош варзанд, то ягон кӯдак аз камғизоӣ ё худ сӯитағзия азият накашад.
Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев аз мушкилот ва паёмадҳои камғизоӣ миёни кӯдакон маълумот дода, зикр намуд: «Сӯитағзияи музмин (давомдор) ё қадпастӣ ҳанӯз ба 21 дарсади кӯдакони синни аз 6 то 59-моҳа таъсири худро мегузорад. Дар ҳоле, ки занону кӯдакони зиёде аз норасоии микронутриентҳо, аз қабили камхунӣ ва норасоии йод тибқи тадқиқоти миллӣ оид ба ғизо, ки соли 2016 гузаронида шуда буд, азият мекашанд.
Бино ба зикри директори минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) Афшан Хан: «Вақте кӯдакон имконияти ягонаи худро бо сабаби ғизогирии нокифояи модарон ва навзодон дар давраи 1000 рӯзи аввали ҳаёт аз даст медиҳанд, ин омил давраи зиёну зарар, нокомӣ ва нобаробарии байнинаслиро абадӣ мегардонад. Ин нокомиҳо боиси талафоти бузург барои ҳамаи мо мегардад. Талафоте, ки омилҳои он қобилияти сусти азхудкунӣ, музди меҳнати камтар, сатҳи баланди бекорӣ, вобастагии зиёд ба кумакҳои давлатӣ ва давраҳои камбизоатии байнинаслӣ, ки монеи пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳар як нафар мегардад, мебошанд».
Дар Форум ҳамзамон аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, аз ҷумла тоифаи атфол ва инчунин таъмини ғизои солим барои табақаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки баргузории Форуми миллии «1000 рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллӣ» то 12 июли соли равон идома меёбад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






