Имрӯз дар Душанбе боридани борон пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 27-32 дараҷа ва дар шарқи он 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо ба 37-42 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво 38 — 40 дараҷа гарм мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






