Имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, ҳарорат дар баъзе минтақаҳо ба 41 дараҷа мерасад

Июль 29, 2017 11:23

ДУШАНБЕ, 29.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 41 дараҷа мерасад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 34-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Гармии ҳаво дар вилояти Хатлон тағйирёбанда буда, то ба 39-41 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво 35 -47 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат дар водиҳо ба 35-40 дараҷа мерасад.

Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ба  38 –40 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 30 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 42 дараҷа мерасад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳавои абрнок дар назар аст. Гармии ҳаво рӯзона ба 32-34 дараҷа расида, шабона 13-15 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр буда, дар водиҳо 40-42 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво 37 -39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ ба 35-40 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, гармии ҳаво шабона 18-20 дараҷа буда, рӯзона то ба 39 –40 дараҷа мерасад.

 

Июль 29, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд