Иштироки донишмандони тоҷик дар ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ӯ» дар Панҷоб
ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд (ISSR) дар Донишгоҳи Панҷоб, воқеъ дар шаҳри Чандигарҳи кишвари Ҳиндустон ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ӯ» доир гардид. Дар кори он бедилшиносон аз кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон, Афғонистону Эрон ва Ҳиндустон ширкат варзиданд.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, Тоҷикистонро дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Насиба Содиқова ва сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод намояндагӣ намуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш меҳмонон Бедилро аз ифтихороти на танҳо форсизабонон, балки мардуми Ҳинд низ унвон намуданд. Таъкид гардид, ки воқеан мероси адабии ӯ имрӯз ҳам ба таҳқиқу баррасии амиқтар ва ҳам тарҷума ниёз дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалӣ бар асоси ашъори Бедил таҳти унвони «Тарзи Бедил» барномаи консертӣ ва ҳамзамон бар пояи рӯзгор ва осори суханвар бо номи «Достони Бедил» бо забонҳои тоҷикӣ ва урду спектакл намоиш дода шуд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






