Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000

Июль 6, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пугус”  дар дараи Варзоб дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҳалли баргузории мулоқоти сатҳи олӣ меҳмононро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ дар толори бошукӯҳи Бӯстонсаройи “Пуғус” мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA — 1000 бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон бо иштироки намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрии сатҳи баланд ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай   Жээнбеков иштирок доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадрро ба сарзамини Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, омодагию ҳавсмандии ҷониби Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи саривақтии лоиҳаи муҳиму манфиатбори минтақавии CASA — 1000 таъкид намуданд.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои муҳими энергетикии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амали анҷомдода дар ин самт на танҳо ба манфиати давлати  мо балки ба манфиати кулли давлатҳои минтақа мебошад.

Муҳимияти татбиқи лоҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки  имкониятҳои кишвари  моро дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз» бамаротиб зиёд менамояд, таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки  аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ, ки Тоҷикистон дар татбиқи саривақтии он баробари дигар кишварҳои иштирокдори лоиҳа манфиатдор аст, ин тарҳи CASA — 1000 мебошад ва ҳамдастии амиқ дар татбиқи ин тарҳи муҳими инфрасохтори энергетикӣ дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, кишварҳои минтақаро  бо ҳалқаи  мустаҳками энергетикӣ пайваст карда,  ҳамкориро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳим тақвият мебахшад.

Ҳамчунин, тарҳи CASA — 1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози  тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқ дар арсаи ду минтақа арзёбӣ шуда, имкониятҳои давлати мо дар интиқоли неруи барқ тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи дохилӣ дар тамоми сол муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи CASA — 1000-ро  воситаи муосири  амаликунонии  меъёрҳои нави тиҷоратӣ ва фанновариҳои муосир дар иқтисодиёти давлатҳо маъниндод карда, нақши муҳими шарикони рушдро дар таҳия ва татбиқи лоиҳа таъкид намуданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза арзёбии ҷараёни иҷрои нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда ва табодули афкор оид ба вазифаҳои муҳимму афзалиятноки лоиҳаи CASA — 1000 мебошад, ки  роҳбарони ҳайатҳо бояд  ҷиҳати амалишавии ҳамаи чорабиниҳо тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда, қабули  қарорҳои дахлдор ва бунёди ҳарчи  зудтари  ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор давлат,  оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар Аафғонистон, истифодаи самараноки механизм ва усулҳои нав, дарёфти  роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, мувофиқатшуда ва муосир,  сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо), истифодаи таҷҳизоти навтарин баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии CASA — 1000 чораҳои муассир андешанд.

Дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори тарҳи CASA — 1000 ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ранҷит Ламек суханронӣ карда, оид ба нақш ва мавқеи давлатҳои худ дар роҳи татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии CASA — 1000 фикру мулоҳизаҳои судманд ва таклифу  пешниҳодҳои асоснок  баён намуданд.

Дар интиҳои кори ҳамоиш Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 қабул гардид, ки нишона аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 асос гузошта шуда буд.

Пас аз анҷоми мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Лоиҳаи CASA-1000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро дар мавзеъи хушбоду ҳавои Варзоб дар бӯстонсарои Пуғус бо дастовардҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос намуданд.

Дар намоишгоҳ меҳмонон анвои гуногуни меваҷоти хуштаъм, меваҳои хушк, маҳсулоти полезӣ ва асалро, ки аз неъматҳои фаровони модии кишвари мо мебошанд, тамошо карданд.
Иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA -1000 06.07.2017

Июль 6, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд