Кишоварзони Муъминобод ба дарави ғалла оғоз намуданд

Июль 5, 2017 13:20

МУЪМИНОБОД, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои гуногуни давлатӣ барои беҳтар гардидани фаъолияти кишоварзон мунтазам онҳоро бо техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ таъмин менамояд.

Масалан давоми 5 соли охир танҳо ба кишоварзони ноҳияи Муъминобод беш аз 70 трактор ва дигар намуди техникаи муосири кишоварзӣ дастрас карда шуд. Бо истифода аз ин шароит деҳқонон маҳсулоти гуногуни кишоварзиро сари вақт ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариш намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода истодаанд.

Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Муъминобод, соли равон истеҳсоли ғалладонагӣ ва картошкаю дигар намуди сабзавот зиёд гардида, аз ин ҳисоб сатҳи зиндагии сокинон беҳтар хоҳад шуд. Дар айни замон дар ҳамаи кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ҷамъоварии ғалладонагӣ босуръат идома дорад.

Агар дар водиҳои минтақаи Кӯлоб, хусусан дар заминҳои корами обӣ дарави ғалладонагӣ ба анҷом расида, кишти такрорӣ идома дошта бошад, вале кишоварзони ноҳияҳои кӯҳӣ акнун ба дарави ғалла оғоз намуданд. Дар ноҳияи Муминобод аввалин шуда деҳқонони ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин ба ҷамъоварии ғалла шурӯъ карданд. Дар ин ҷамоати деҳот 1950 гектар заминҳои кишт мавҷуд аст, ки дар қисмати зиёди он ғалла кишт карда шудааст.

Тавре раиси ҷамоати деҳоти  «Шамсиддин Шоҳин»  Талбак Ҳасанов ба мухбири «Ховар» иброз намуд, азбаски иқлими ноҳияи Муъминобод нисбат ба дигар ноҳияҳо фарқ мекунад, дар аксари мавзеъҳо ҳоло гандум пурра пухта нарасидааст. Дар ҷамоати деҳоти мазкур бошад, дар аксар заминҳо кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда, гандуми навъи маҳаллӣ коридаанд.

Ба гуфти сарагрономи ҷамоат, имсол ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб беҳтар мебошад ва боварӣ ҳаст, ки деҳқонон ҳосили фаровон ба даст меоранд.

 

Июль 5, 2017 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд