Кишоварзони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо пешсафанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 3 июли соли равон кишоварзон тавонистанд ҳосили майдони 138 ҳазору 997 гектарро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд, ки он дар маҷмуъ 432 ҳазору 787 тоннаро ташкил додааст.
Имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо пешсаф буда, ҳосили 94 ҳазору 134 гектарро ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 338 ҳазору 396 тоннаро ташкил медиҳад, ки иҷрои нақшаро 68 % таъмин мекунад.
Мавриди зикр аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 1020 адад комбайнҳои ғалладарав сафарбар карда шуда, 616 адади онҳо дар айни замон мавриди истифодабарӣ қарор доранд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






